300 рӯзи созандагию бунёдкорӣ

Хабарҳо

Бо мақсади дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон дар доираи “300 рӯзи созандагию бунёдкорӣ” ва дастури раиси ноҳияи Хуросон вобаста ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Хуросон бо иштироки садҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва сокинони маҳалӣ ба ҳашари шанбегии умумивилоятӣ бо як рӯҳияи баланду дастгирӣ зери шиори “Мо ба тозагӣ камари ҳиммат мебандем” баромада кӯча, деҳа, маҳалла, роҳравҳо, шоҳроҳо, лаби ҷӯю заҳкаш ва дарёҳоро аз партовҳо тозаву озода намуда, чун анъанаи пешин кучаҳоро оппоши намуданд. Дар ин замина аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар баробари тоза намудани шоҳроҳу кукучаю маҳаллаҳо буклетҳои аксияи тозагӣ ба шаҳрвандону ронандагон тақсим карда шуд. Чунин иқдоми тозагӣ дар ноҳия идома меёбад.