ХУРОСОН: ҲАМОИШ БАХШИДА БА “ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036”.

Хабарҳо

ХУРОСОН: ҲАМОИШ БАХШИДА БА “ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036”.
Имрӯз, 27 июни соли 2026 дар маркази ноҳияи Хуросон бо иштироки колективи меҳнатӣ, шаҳрвандон, ҷавонон, занон, ҳизбиён ва табакаҳои дигари ҷомеа ба ифтихори истиқболи ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар бораи тахкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда чорабинии оммавӣ ва ҳамоиш бо афрохтани Парчами давлати ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мазмуну муҳтавои қатъномаи маҷмӯъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ба тарзи васеи баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ вобаста ба масъалаи мазкур пурзур карда шуда, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ минбаъд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои деҳот идома хоҳанд ёфт.
Аксҳо: