ХУРОСОН: БАРҚАРОРСОЗИИ БОҒИ ФАРҲАНГӢ ВА СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ
Имрӯз 26 июни соли 2026 бахшида ба 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси нохияи Хуросон ва сохторҳои дахлдор аз рафти баркарсозии Боғи фарҳангии ноҳия дидан карда шуд.
Боғи фарҳангии ноҳия бо дастгирии соҳибкори ватанӣ – Шарипов Некрӯз Гадомадович аз нав барқарор гардида, барои гашту гузори шаҳвандон ва бозиҳои кӯдакона шароитҳои муосир фароҳам оварда шуданд.
Ҳамзамон, дар деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Ғаллаобод синфхонаҳои иловагии мактаби № 57 барои зиёда аз 100 ҷои нишаст мавриди истифода қарор дода шуда, аз тарафи роҳбарияти ноҳия барои сокинони маҳалла барои саҳмгузорӣ дар сохтмони синфхонаҳои мазкур изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.
Аксҳо:




