ХУРОСОН: 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!Ҳамдиёрони азиз!

Хабарҳо

ХУРОСОН: 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Ҳамдиёрони азиз!
35 сол пеш 9 – уми сентябри соли 1991 дар сарзамини бостонии мо рӯйдоде ба вуқӯъ пайваст, ки ба шарофати он дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёр бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд кард ва ин падидаи таърихӣ оғози марҳилаи нав ва таҳаввулоти бунёдӣ дар ҳаёти халқи мо гардид. Яъне, 9 – уми сентябри соли 1991 барои тоҷикон натанҳо рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки санаи барқароршавии адолати таърихӣ низ мебошад, ки басо азизу муқаддас ҳисоб меёбад.
Ин санаи муборакро ба ҳамаи Шумо – сокинони сарбаланди ноҳияи Хуросон табрик намуда, ба Шумо тансиҳативу рӯзгори обод, комрониву барори кор ва ба кишвари соҳибистиқлоламон шукуфоиву пешрафт орзумандам.
Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар давраи муқовиматҳои шадиди сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд. Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамоянд: “Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…
Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохторҳои конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот бароварда, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Яке аз муҳимтарин дастоварди мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳияти шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.
Инчунин дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 35 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти муяссар гардид.
Имрӯзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат, бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канори кишварамон корҳои ободонию созандагӣ густариш ёфта истодааст.
Дар ноҳия сохтмон ва таъмири 239 адад иншоотҳои самти фаъолияташон гуногун, аз ҷумла: тандурустӣ – 19, маориф – 34, варзиш – 10, саноат – 16, кишоварзӣ – 4, нақлиёт – 39, обёрӣ – 18, савдо ва хизматрасонӣ – 69, сартарошхона – 1, ҳаммом – 1 ва дигар иншоотҳо – 31 адад аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолӣ ба истифода дода шуданд, ки ин нишондод 102 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ҳамдиёрони азиз!
Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси ноҳия аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад. Бигзор аз нури хуршеди истиқлолият Нишони пурҷило ва Парчами парафшони давлати соҳибихтиёри мо сарбаланд бошад ва аз шӯълаи ҳаётбахши истиқлол рӯзгори мардуми кишвар осоишу баракати тоза пайдо намояд.

Дар лаҳзаҳои пуршукӯҳи идона бори дигар мардуми сарбаланди ноҳияи Хуросони арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому осуда ва барору комёбӣ орзумандам.
Бигзор сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмрон ва истиқлолияти миллати бофарҳангамон ҷовидону бегазанд бошад!
Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдавлату озоди кишвар саломатӣ, бахту саодат ва фатҳу кушоиш оварад!
Ҷашни истиқлолият ва соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!