РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ АЗИЗАМОН МУБОРАК.ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ХУРОСОН

Имрӯз, 16 ноябри соли 2023 дар кохи Хуросон чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Гуфта шуд, ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ба гиромидошти хизматҳои мондагори Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии Истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, […]

Бештар

Табрикоти Раиси ноҳияи Хуросон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябр

Конститутсияро шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар мешуморанд. Конститутсия иродаи мардуми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, дар марҳилаи ниҳоят ҳасоси таърихи мамлакат бо талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок, қабул шудааст. 6 ноябри 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, […]

Бештар

САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати гусел намудани ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии ноҳияи Хуросон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшавандагон иштирок доштанд. Раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом Шамол  даъватшавандагонро ба муносибати ин […]

Бештар

32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИҶШС (русӣ: СССР) соҳибистиқлол шуд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр — “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Иди Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст. Боиси сарбаландист, ки рӯзи 9 – уми сентябри соли 2023 дар кохи […]

Бештар

“ОБ МАНБАИ ҲАЁТ” Зери чунин шиор барои бозҳам сарсабзу хуррам гардонидан маркази ноҳия шаҳраки Обикиик, аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва бо иштирок ва дастуру супоришҳои мӯҳтарам раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом Шамол пурра муҳарикҳоро омода намуда барои таъмин ва обёрии намудан дар ҳолати омодабош қарор дода шуд.

Бештар

Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Хуросон

10 августи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нишасти матбуотии раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ аз АМИТ «Ховар», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Сафо», “Рузномаи Хуросон”, […]

Бештар

Тибқи дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом дар ноҳияи Хуросон барои таъмири қубурҳои обкашони корҳои техникӣ анҷом додаистодаанд. Мутахассисон кӯшиш намуда истодаанд, ки ба мавсими обрасонӣ ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ, иншооти гидротехникиро омода намуда, то муҳлати муқарраршуда ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия обро таъмин созанд. Имрӯз аз тарафи мутахассисони пойгоҳи идораи комуналӣ дар ноҳияи Хуросон бонамояндагии мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қубурҳои обкашӣ ва заҳбуру заҳкашҳоро таъмир ва тоза намуда барои кишти такрорӣ омода менамоянд.

Бештар

Кишти картошка бо истифода аз тухмиҳои аълосифат

Имрӯзҳо, сокинон ва кишоварзони сарбаланди ноҳияи Хуросон, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифодабарии замин, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакатро сармашқи кори худ намуда, аз бодуи ҳавои мусоид истифода намуда, мақомоти […]

Бештар