ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲАИ СОЛИ 2017 БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи имрӯза, ки таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло доир гардид, муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд.

Муфассал…

ХИЗМАТИ ВАТАН ҚАРЗИ ВАТАНДОРИСТ

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои моҳи октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Рӯзи якуми даъват, ки бо унвони «Рӯзи даъватшаванда» мегузарад дар ноҳияи мо низ бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстӣ доир гардид. Муфассал…

ШОМИ ҶАВОНОН

Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳия бо иштроки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба худшиносиву худогоҳии миллӣ чорабинии фарҳангии “Шоми ҷавонон” бахшида ба “Соли ҷавонон” дар мавзӯъҳои “Танзим баракати зиндагӣ”, “Либоси миллӣ – оинаи ниёгон аст” ва “Мо ҷавонон ҷонибдори қонунҳои миллӣ” гузаронида шуд. Муфассал…

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ХУРОСОН

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати  шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва фаъолияти барзгарон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Мардуми сарбаланди ин ноҳия муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба Пешвои миллат ба воситаи барномаи вижаи фарҳангӣ, ки ба хотири  истиқболи арзандаи Сарвари давлат дар фурудгоҳи муваққатӣ доир шуд, баён намуданд.

Муфассал…

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Рӯзи 1 августи соли 2017 дар ноҳияи Хуросон нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорон, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло, як қатор кормандони мақомот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ масъалаи дӯхти либоси мактабӣ баррасӣ гардид.

Дар ноҳия сехи дӯзандагии ҶДММ «Шоҳина» тасмим гирифтааст, ки 5 муассисаи таълимиро бо либоси мактабӣ таъмин намояд. Айни замон 6000 ҳазор либосҳои бачагонаву духтарона тайёр буда, дар назар аст то саршавии соли нави таҳсил боз 13500 либоси ягона омода намояд, қайд намуд раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло.

Муфассал…

ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2017

Мутобиқи нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло баргузор гардид. Дар кори маҷлиси имрӯза намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Исоев Муродалӣ Носирович – сардори шуъбаи Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Муфассал…