Бо иштироки сардори маркази аналитики Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддинзода Саидмурод Ҷумъамурод рӯзи 26 феврал семинарии ҷумҳуриявӣ оид ба «Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» баргузор гардид.
Дар семинар масъалаҳо доир ба дурнамои иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳияи Хуросон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021 – 2022, роҳҳои гузариш аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба саноатӣ – аграрӣ, кам истеҳсол шудани маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба афзоиши аҳолӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳисоботҳои оморӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.