«МУОИНАИ ТЕХНИКИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН»

Хабарҳо

Рӯзи 26 феврал дар ҶДММ «Водии заррин»  бо мақсади беҳтар тайёр шудани техникаҳои кишоварзии ноҳия ба кишти баҳорӣ «Муоинаи техникии техникаҳои кишоварзии ноҳияи Хуросон» бо иштироки  раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло, Бекназаров Саъдулло  сардори шуъбаи ҳимояи растанӣ ва Баҳодурзода Аюб мутахассиси назорати техникаҳои кишоварзии Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон  ташкил ва гузаронида шуд. Дар муоинаи техникӣ бештар аз 110 адад тракторҳо, аз қабили: кишткунанда, ҷуфткунанда, тухмипошак, дорупошак, алафдарав, хокмайдакунак (фрайзер)  ба маррази тамошо гузошта шуда буданд.