Ҳақиқати талх…

Аслан ба сиёсату сиёсатбозӣ кор надорам, аммо пайваста навигариҳои вобаста ба кишвари мо ва авзои минтақаро мутоила мекунам.
Сабаби асосии навигариҳоро пайгирӣ карданам ҳам писарам шуд, ки ҳоло дар яке аз Донишгоҳҳои олии ш.Қазони Федератсияи Россия таҳсил мекунаду, барои бо у доим дар тамос шудан, телефони дорои интернетро харидорӣ намудам. Ҳамин тариқ бо интернет ошноӣ пайдо кардаму ҳамарӯза сайтҳои ахбории ватаниву хориҷиро мутоила мекунам.

Вақтҳои охир чандин мақолаву гузориш ва маводҳоро оид ба характери террористӣ доштани Ҳизби наҳзати Исломӣ, ки айни замон дар Ватани мо ва дигар кишварҳои собиқ ИДМ мамнӯъ эълон шудааст, мехондаму, вале он қадар эътибор намедодам. Инчунин оид ба пуштибонии ин террористону дигар террористонро аз ҷониби ҳукуматдорони кунунии Эрон низ гӯшам садое меёфту, вале онро ҷиддӣ намеҳисобидам. Зеро, гумон надоштам, ки давлати бою муттараққӣ дар баробари пешбарии иқтисодиёташ ва дар ҳолати яке аз бозингарони асосии бозори нафт дар ҷаҳон ба ҳисоб мераваду, дар номи кишвараш калимаи “ислом” аст, метавонад аз терроризму экстремизм пуштибонӣ кунад. Дар ҳоле, ки дигар кишварҳои арабӣ дар муаррифии расмии кишварашон номи исломро истифода намебаранд, ҳарчанд ки куллан аз рӯи шариати ислом қонунгузориашонро ба роҳ мондаанду амал мекунанд: бингаред – Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Баҳрайн, Миср, Аморати муттаҳидаи араб.
Вале, ногаҳон хабари расмие, ки дирӯз хондам, куллан фикри маро дар ин бора тғйир дод. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 8-уми апрел Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эронро дар феҳристи “созмонҳои террористии хориҷӣ” қарор дод. Президенти Амрико дар саҳифаи твитерии худ гуфт, “имруз, ман расман барномаи ҳукуматам барои муаррифии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, аз ҷумла Нерӯҳои Қудсро ба пояи қисми 219-и Қонуни муҳоҷират ва амният, ба унвони созмони террористӣ эълом мекунам”.
Ҳамчунин сиёсатмадорони амрикоӣ иддао доранд, ки “ин кор, ки тавассути вазорати хориҷӣ сурат гирифт, баёнгари ин воқеият аст, ки Эрон на танҳо як кишвари пуштибони терроризм, балки Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ фаъолона дар таъмини молӣ ва тарғиби терроризм ҳамчун аброзе ҳукуматдорӣ иштирок дорад”. Мутобиқи нуқтаи назари роҳбари Қасри Сафед “Сипоҳи посдорон абзори аслии ҳукумати Эрон дар амалӣ кардани корзори байналмилалии терроризм аст”.
Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки дар таърих ин маротибаи аввал аст, ки ИМА яке аз қисматҳои калидии ҳукумати Эронро дар феҳристи террористон қарор додааст.
Агар мани деҳқон гуям, ки ҳукумати Эрон террористӣ аст ва пуштибони онҳост, касе бовар намекунад. Агар Тоҷикистон ҳам изҳор дошта буд, ки Теҳрони расмӣ яке аз кумаккунандагони аслии террористон буда, яке аз саркардагону маблағгузорони ҷанги дохилии Тоҷикистон аст ва дар ин бобат далелу фактҳои қатъӣ пеш оварда буд, аммо ҳукуматдорони Аврупо ба он бовар накарданд ва кабириву кабирисифатонро ки дастпарвардагони эрониёнанд дар дили Аврупо ҷойгир карда пуштибонӣ намуданд. Акнун абарқудрате мисли Амрико гуфт, ки Эрон террористӣ аст. Ин суханонро роҳбари яке аз кишварҳои пуриқтидортарини ҷаҳон расман эълон кард. Пеш аз он ки чунин шахси расмӣ ва воломақоми ИМА ингуна суханонро баён кунад, онро институтҳои алоҳида, мақомоти махсус ва машваратчиёни зиёде таҳлил намуда, асоснок карда, сипас оммавӣ мегардонад. Ва баёнгари ин ҳақиқат аст, ки амалкардҳои Эрон асосан аз дигар кишварҳо фарқ карда, аслан ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистиаш нигаронида шудааст.
Чуноне ки иттилоъ ёфтам, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки ҳудуди 100 ҳазор нерӯ дошта, масъули пешбарии лоиҳаи ҳастаии Эрон ба ҳисоб меравад. Нерӯҳои Қудс, ки яке аз бахшҳои Сипоҳи посдорон арзёбӣ шудааст, амалиёти хориҷиро дар Ховари Миёна раҳбарӣ мекунанд ва интиқоли силоҳ барои тарафдори Эрон дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳонро танзим менамояд.
Ин тасмими ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми таҳдидомез ва дақиқест ба Теҳрон, оқибатҳои ҷиддӣ дар пай хоҳад дошт.
Ин иқдоми амрикоиҳоро сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳонӣ ва роҳбарони дигар кишварҳои пешрафта тасдиқ ва ҷонибдорӣ намуда, гуфтанд, ки ин як қадами муҳиме бар муқобили режими террористии Эрон аст.
Дигар чӣ гуям, аз ин пас маро ҳам метавонед, сиёсатмадор ҳисобед, зеро акнун сиёҳро аз сафед мекардагӣ шудам. Марг бар оне ки чашм бар Ватани мо ало мекунад!
Ҷамшеди Довуд