Паёми табрикоти Раиси ноҳияи Хуросон мӯҳтарам Сафарзода Р. Ба 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хабарҳо

Паёми табрикоти Раиси ноҳияи Хуросон оид ба 28-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеъаҳои бузуригу муҳиме рух медиҳад,ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро солиёни зиёд муайян менамоянд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин руйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.
Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.
Бинобар ин ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро ба ифтихори 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва руйдоди бузургӣ таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди ноҳия тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тарақиёти рӯзафзун орзу менамоям.
Эътимоди комил дорем, ки халқи бо шарафу сарбаланди мо бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати бунёдкорона ҳамаи ҳадафу нақшаҳои пешбинигардидаро амалӣ карда, кишвари азизамонро дар ояндаи наздик як кишвари нерӯманду пешрафта табдил медиҳад.
Истиқлолият барои мардуми шарафманди имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.
Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак ҳамдиёрони азиз, сиҳатманду сарбаланд бошед!