ХУРОСОН: РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 23 феврали соли 2026 дар Кохи Хуросон бахшида ба 33-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гаштани Ватани азизамон сахми хешро гузорем.
Дар рафти чорабинӣ ба бархе аз сарбозон ва афсарон барои хизматҳои арзанда дар ҳифзи марзу буми Ватан ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:
