ХУРОСОН: ҶАЛАСАИ № 5-УМИ ШӮРОИ СОҲИБКОРИЮ САРМОЯГУЗОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Хабарҳо

ХУРОСОН: ҶАЛАСАИ № 5-УМИ ШӮРОИ СОҲИБКОРИЮ САРМОЯГУЗОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Рӯзи 24 феврали соли 2026 бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва устувор гардонидани заминаи он дар ноҳия ҷаласаи № 5 – уми Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар Шӯрои мазкур муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон – Ризозода Д. ва муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – Давлатов М. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
– Ҳисоботи ҷаласаи қаблии Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди раиси ноҳияи Хуросон ва натиҷаҳои он.
– Соҳаи кишоварзӣ “Дар бораи Барномаи рушди низоми агро озуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030”.
– Муаррифии натиҷаҳои таҳлил оид ба тақвияти раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявию иқтисодии соҳибкорон.
– Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
– Масъалаҳои ҷорӣ.

Аксҳо аз рафти Шӯро: