ХУРОСОН: РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР.

Хабарҳо

ХУРОСОН: РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР.
Имрӯз 7-уми апрели соли 2026 баҳри дар амал иҷро намудани Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2040 ва нақшаи чорабиниҳои омодасозии он барои солҳои 2026-2030 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хатари кибер ҷиноятҳо бо иштироки фаъолон, ҷавонон ва ходимони дин вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур прокуророни Маркази ягонаи иттилоотӣ оиди пешгирии экстремизм ва кибер ҷиноятҳо Ҷумҳурзода Акобир, Раҳимзода Мансур ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Хуросон – Сафаров Неъмат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти нангинеанд, ки боиси нооромӣ ва вайрон гардидани суботи ҷомеа мегарданд. Чунин амалҳо ба арзишҳои инсондӯстӣ ва манфиатҳои миллат комилан мухолиф мебошанд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: