ХУРОСОН: БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз, 11 апрели соли 2026 баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қабули шаҳрвандон баргузор гардид.
Шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои мухталиф аз ҷумла, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, баҳсҳои оилавӣ ва кумаки унвони иҷтимоӣ муроҷиат намуданд.
Баҳри сари вақт иҷро намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуданд.
