ХУРОСОН: ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”
Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-949 “Дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, ҳамзамон ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи тоҷикро таҷассум менамояд” рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ дар толори қасри фарҳангии ноҳия “Кохи Хуросон” даври ноҳиявии озмун доир гашт.
Ҳакамонии даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро Боймуродов Саидмурод -сармутахассиси бахши фарҳанги вилояти Хатлон, Сафарализода Собир – мутахассиси бахши фарҳанги вилояти Хатлон, Шералӣ Қосим – раиси оҳангсозони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Қурбонова Хиромон -сарояндаи ансамбли “Хутал”-и вилояти Хатлон дар ӯҳда доштанд.
Даври ноҳиявии озмуни мазкур бо иштироки 106 – нафар дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор карда шуда, 62 – нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Аксҳо:

