ХУРОСОН: ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Хабарҳо

ХУРОСОН: ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026
Имрӯз, 15 апрели соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон таҳти раёсати раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон – Соҳибназарзода Аскаралӣ ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар семоҳаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон – Ризозода Дилшод ахборот дода, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 – ро баррасӣ намуд.
Қайд гардид, ки нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ назаррас буда, ҷамъи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ 109,9 % – ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, аз тарафи роҳбарияти ноҳия баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор пешвоз намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Аксҳо аз рафти ҷаласа: