ХУРОСОН:АМАЛИШАВИИ ЛОИҲАИ “ФАЪОЛИЯТИ ШАБАКАИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН”.
Имрӯз, 17 апрели соли 2026 бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва намояндагони лоиҳаи “Фаъолияти шабакаи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон” Ҷон Риордан – роҳбари Идораи кӯмаки байналмилалии ИМА, Симон Ҳоллема – намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ СММ (WFP), кормандони БОҶ СММ аз Дафтари кишварӣ ва Дафтари саҳроии Бохтар, инчунин шарики ҳамкор – ташкилоти ҷамъиятии “Барги сабз” аз як қатор минтақаҳои корӣ дидан намуданд.
Намояндагон таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Хуросон аз минтақаҳои корӣ: деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ (барқарорсозӣ, сохтмон ва таъмини оби полезӣ), ки метавонад 450 хоҷагиро дар деҳаҳои атроф бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда, 16 гектар замини кишоварзиро обёрӣ кунад.
Инчунин мустаҳкамкунии соҳили дарё дар ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр, ки 1600 метри мукаабро ташкил медиҳад ва гармхонаи Беморхонаи марказии ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр, ки метавонанд беморонро бо сабзавоти тару тоза таъмин намояд, дидан намуданд.




