ХУРОСОН: ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ШОҲНОМАХОНӢ”.

Хабарҳо

ХУРОСОН: ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ШОҲНОМАХОНӢ”.
Имрӯз, 22 апрели соли 2026 бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2026, № 862 “Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар Кохи Хуросон бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия даври дуюми озмун баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои шоири классикии тоҷик Абдулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби Абдулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 доир гардида истодааст.
Мақсади озмун тибқи Низомномаи тасдиқгардида барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад.

Аксҳо: