ХУРОСОН: ТАҚВИЯТИ ТАДБИРҲОИ ҲУҚУҚИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ.

Хабарҳо

ХУРОСОН: ТАҚВИЯТИ ТАДБИРҲОИ ҲУҚУҚИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия – Аваззода Ш.Т. имрӯзҳо дар ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти ба номи С. Айнӣ, Ғаллаобод, Сурхқалъаи ноҳияи Хуросон вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни аҳолӣ вохӯриҳо доир гашта истодааст.
Дар вохӯриҳо муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул ва сарнозири шӯъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар – Қурбонзода Манучеҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал андешаронӣ намуда, оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни аҳолӣ, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат маълумот доданд.
Ҳамзамон қайд гардид, дар ҳақиқат коррупсия аз зуҳуроти мурраккаби ҷамъиятӣ буда, он ба рушди минбаъдаи кишварҳои олам ва таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон таъсири манфии худро мерасонад.
Вохӯриҳо вобаста ба масъалаи мазкур дар ҷамоатҳои ноҳия идома хоҳад ёфт.
Аксҳо аз рафти вохӯриҳо: