ХУРОСОН: ТАТБИҚИ БОСИФАТ ВА САМАРАНОКИ ҲИДОЯТҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ТАТБИҚИ БОСИФАТ ВА САМАРАНОКИ ҲИДОЯТҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ
Имрӯз, 28 – уми апрели соли 2026 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 25-уми апрели соли равон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баррасӣ гардиданд, дар ноҳияи Хуросон гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аз рафти амали намудани дастуру супоришҳои мазкур дидан намуданд.
Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод аз рафти корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани гидру атрофи идораву муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ дидан намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ аз ҷумла пахта, картошка ва ҷамъоварии ҳосили пиёз мавриди таҳлил қарор дода шуда, аз рафти таъминоти оби полезӣ дидан ба амал оварда шуд.
Аксҳо: