ХУРОСОН: КОНФЕРЕНСИЯИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ
Субҳи рӯзи 30-юми апрели соли 2026 бо иштироки намояндаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар, сармуҳаррири рӯзномаи “Меҳтарони Хатлон” – Шомалангзода Саидқул, муовини раиси ноҳияи Хуросон – Турсунзода Дӯстмурод конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия дар давраи солҳои 2021-2026 баргузор гардид.
Дар кори конференсия масъалаҳои:
- Ҳисоботи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия дар давраи солҳои 2021-2026.
- Ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия дар давраи ҳисоботӣ.
- Интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия.
- Интихоби вакилон ба Конференсияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми кори конференсия ба собиқадорон Сипосномаҳои раиси ноҳияи Хуросон ва раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Хатлон расонида шуданд.
Аксҳо: - Интихоби ҳайати нави аъзоёни Шӯрои (Пленуми) собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия.


