ХУРОСОН: БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Хабарҳо

ХУРОСОН: БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз, 2 майи соли 2026 баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ноҳияи Хуросон қабули шаҳрвандон баргузор гардид.
Шаҳрвандон масъалаҳои вобаста ба таъмин қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, кӯмаки унвони иҷтимоӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.
Дар ин замина Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон роҳбарони муассисаҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки муроҷиҳатҳоро сари вақт баррасӣ намуда, хулосаҳои лозимаро пешниҳод намоянд.

Аксҳо аз рафти қабул: