ХУРОСОН: ҲИФЗИ МЕҲНАТ – НИЗОМИ ЧОРАБИНИҲОИ ҲУҚУҚӢ
Рӯзи 4-уми майи соли 2026 таҳти раисии муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳифзи меҳнат, низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар сардори Раёсати ҳифзи меҳнати Дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мардонзода Гулбаҳор, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон – Ризозода Абдурозиқ, намояндаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон – Шарифзода Исмоил, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон – Қурбонзода Қурбоналӣ иштирок намуда, роҷеъ ба мавзӯҳои “Ҳифзи меҳнат дар муассисаҳои таълимӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он”, “Бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар самти ҳифзи меҳнат” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷаласа қайд гардид, ки таъмини шароити бехатару солими меҳнат масъалаи муҳим ва мубрам буда, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Аксҳо:

