ХУРОСОН: МАКТАБ ВА ОИЛА ДУ МАКОНИ РУШДИ КӮДАК
Имрӯз, 13-уми майи соли 2026 баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа тибқи усули “Мактаб ба мактаб” бо волидайни хонандагони вохури баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон- Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, сардори шуъбаи КДАМ – Валиев Беҳрӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки мактаб ва оила ду маконе мебошанд, ки дар тарбияи дурӯсти кӯдак ва ҳамчун инсони хушахлоқ, донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ба камол расидани ӯ нақши муҳим доранд. Мактаб метавонад дар бораи ахлоқи нек панд диҳад, дарси одоби муошират гузаронад, аммо агар ин арзишҳо дар хона дарс дода нашаванд, кӯдак онҳоро ҳамчун «дарси китоб» қабул мекунад, на ҳамчун меъёри зиндагӣ.
Аксҳо:

