ХУРОСОН: ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Имрӯз, 17 майи соли 2026 дар ноҳияи Хуросон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, Дави миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки танҳо фарди солим метавонад чун намояндаи ҷомеаи солим, фаъолият барад ва дар пешрафти ҷомеа ва давлат саҳмгузор бошад.
Ба ғолибони чорабинӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

