ХУРОСОН: “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
Имрӯз, 18-уми майи соли 2026 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2026, № АП-951 “Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даври дуюми озмун дар ноҳия баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон – Мирзозода Хуршед ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон – Алимардонов Сафармаҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.
Озмун тибқи талаботи Низомномаи озмун аз рӯи чор номинатсия доир гардид.
* адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
* адабиёти классикии тоҷик;
* адабиёти муосири тоҷик;
* адабиёти ҷаҳон доир карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар озмуни имрӯза 712 – нафар ғолибони даври аввал иштирок намуданд.
Аксҳо аз рафти озмун:




