ХУРОСОН: “КОРРУПСИЯ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР”.

Хабарҳо

ХУРОСОН: “КОРРУПСИЯ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР”.
Имрӯз, 20 майи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм” ҳамчунин нақшаи муштарак, семинар дар мавзӯъи: “Коррупсия, экстремизм ва терроризм – ҳамчун зуҳуроти номатлуби замони муосир” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон, Муҳибуллозода Зоҳир Муҳибулло – муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии “Муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм” дар вилояти Хатлон, Шоҳқурбониён Беҳрӯз – намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия дар вилояти Хатлон, Валиев Беҳрӯз- сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Хуросон, Искандарзода Муҳаммадшоҳ – сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон ва Сафаров Неъматулло – ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки давлат дар мубориза бо коррупсия нақши асосӣ дорад. Қабули қонунҳо, таъсиси ниҳодҳои назоратӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои шаффофият ва ҷавобгарӣ — ҳамаи ин тадбирҳо барои пешгирӣ ва решакан намудани коррупсия заруранд. Бо вуҷуди ин, таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо бо роҳҳои маъмурӣ ва ҷазодиҳӣ наметавон ба натиҷаҳои дилхоҳ расид. Агар ҷомеа бетараф бошад ё худ ба амалҳои коррупсионӣ мусоидат намояд, талошҳои давлат натиҷаи кофӣ намедиҳанд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи давлат ё як ниҳоди махсус нест. Ин як раванди муштаракест, ки ҳамкории давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фардро талаб мекунад. Танҳо дар сурати ҳамгироии саъю кӯшишҳо метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва ҷомеаи одилона, шаффоф ва пешрафтаро бунёд кард.
Аксҳо аз рафти семинар: