ХУРОСОН: ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
Имрӯз, 22 майи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар Шӯрои мазкур аъзоёни Шӯро – Раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир Мурод, прокурори ноҳияи Хуросон – Маҳмадшозода Манучеҳр Мирзошо, сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон – Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Хуросон – Валиев Беҳрӯз Давлаталиевич, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Хуросон – Ҳалимзода Сафаралӣ, Вализода Ҷонибек – судяи суди ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа як масъала: “Ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории замин, аз ҷумла асоснокии дар давраи соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026 ба ҳисоби захираи давлатӣ ва фонди махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дохил намудани заминҳо ва аз ин ҳисоб ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани қитъаҳои замин” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи рӯзномаи мазкур ёрдамчии калони Прокурори нохия – Сафарзода Неъматулло ахборот дода қайд намуд, ки Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз вақти гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ки аз қайди давлатӣ гузаштааст, оғоз меёбад.
Барои истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст (моддаи 148 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳамчунин барои бақайдгирии ғайриқонунии замин ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст (моддаи 261 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Аксҳо: