Имрӯз, 9 июни соли 2026 бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод дар деҳаи Пистазори Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод маросими ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ доир гардид.
Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба пешвози арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои бунгоҳи тиббӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда, бо таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳамзамон, дар деҳаи Пистазор аз рафти таъмири ҷории мактаби № 21 дидан карда шуда, барои фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Аксҳо:

