ХУРОСОН: КОРРУПСИЯ – ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Хабарҳо

ХУРОСОН: КОРРУПСИЯ – ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
Рӯзи 16 июни соли 2026 дар асоси мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2026, № 175 бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯству ватанпарастӣ аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Хуросон бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон, Олимзода Мансур – сармутахассис ва Файзализода Шаҳбоз – нозири Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи кормандони Агентӣ ба иштирокчиён муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии кишвар, роҳҳои ошкорсозӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба ин падида ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат фаҳмонида дода шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ, дар натиҷаи фаъолияти босамари мақомот бо ҷомеа сар задани ҳолатҳои хусусияти коррупсионидоштаро метавон маҳв кард.
Мубориза бо коррупсия вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: