ХУРОСОН: “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА МОҲИЯТИ ТАЪРИХӢ ДОШТАНИ ОН”
Рӯзи 18 июни соли 2026, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори маркази ҷавонон Конференсияи илмӣ- назариявӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва моҳияти таърихӣ доштани он” баргузор гардид.
Дар кори Конференсия муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул, судяи Суди ноҳия Ҷалилзода Саидасрор Бобохон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сидиқзода Ғолиб ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Дар раванди кори Конференсия намояндагон дар мавзуҳои:
* “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва моҳияти таърихӣ доштани он” – Шарифзода Идигул;
* “Ваҳдати миллӣ” – Ҷалилзода Саидасрор Бобохон;
* “Ваҳдати миллӣ рамзи сулҳу субот” – Сидиқзода Ғолиб;
баромад карданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.
Дар ин раванди неку созанда мо, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем. Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватандӯстиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд.
Аксҳо аз рафти Конференсия:

