ИЗҲОРИ ҲАМДАРДИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БИНОБАР ДАРГУЗАШТИ ФОҶИАВИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИРЗОНАБОТ АЛИШЕР ХУДОБЕРДӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз даргузашти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва фарзанди хурдсолаш ҷони худро аз даст доданд, андӯҳи амиқ изҳор менамояд.
Марҳум Алишер Мирзонабот ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, фарзанди содиқи Ватан ва хизматгузори давлату миллат бо фаъолияти софдилона ва саҳми арзандааш дар таҳкими давлатдории миллӣ, бахусус дар рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар хотири ҳамкасбону ҳамватанон боқӣ хоҳад монд.
Ба роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кулли сокинони вилоят бинобар ин мусибати гарон ҳамдардии амиқ баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонем.
Хотираи неки Мирзонабот Алишер Худобердӣ гиромӣ бод.
