ХУРОСОН: ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Имрӯз, 23 – юми июни соли 2026 дар толори васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон ва Насриддинзода Қиёмиддин – намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шӯъбаи дин, танзими ҷашну маросими вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Иҷлосияи мазкур рӯзномаи зерин баррасӣ гардид:
1. Ҳисоботи Комиссияи ноҳиявӣ оид ба натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон аз ҳавзаҳои интихоботии № 6 (Меҳнатобод), № 15 (Пахтаобод), № 26 (Сарбанд), № 30 (Меҳнатобод).
2. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” .
3. Ҳисоботи сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Хуросон “Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” дар ноҳия.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Оид ба тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Хуросон, ки дар байни Иҷлосияҳои панҷум ва шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, даъвати ҳафтум қабул гардидаанд.
Аксҳо аз рафти Иҷлосия:

