ХУРОСОН: РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
25 июли соли 2026 дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Хуросон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ашуриён Музаффар ва раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, муовини раиси шаҳри Душанбе – Саломзода Раҳмиддин ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ – Сафарзода Дилшод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Намоишгоҳи пешниҳодшуда дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахти кишвар аз тарафи сокинони ноҳияи Хуросон бозгӯи нишонаи фарҳангӣ баланд ва меҳнати созанда буда, мавриди таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт қарор гирифт.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони машҳури ҷумҳурӣ Сурайё Қосимова, Лола Азизова, Шӯҳрат Сайнаков, Суруш Холов бо гурӯҳи ҳунарӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
