ХУРОСОН: ҶАҲОНИ КИТОБ ВА ФАРҲАНГИ МУОСИР
29-уми июли соли 2026, дар ноҳия бахшида ба эълон намудани солҳои 2026-2030 “Солҳои фарҳанги китобхонӣ”, ки тибқи амри раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Давлаталӣ Саид ба тасвиб расидааст, бо иштироки зиёииён, ҷавонон ва наврасон суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Сангимурод Шарипов – номзади илмҳои филологӣ дотсент, мудири кафедраи журналистикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, Ниёзова Раҷабмоҳ – омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав, Умед Назаров – омӯзгори кафедраи журналистикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав
иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин ҷамъомад, пеш аз ҳама, масъалаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушду таҳкими илму фарҳанг, ватандӯстиву хештаншиносӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аҳаммияти ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, нақши китоб дар ташаккули маънавиёти ҷомеа ва роҳҳои ҷалби сокинон ба китобхонӣ мавриди шарҳу баррасӣ қарор гирифтанд.
АКСҲО:



