ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

Хабарҳо

ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Санаи 2-юми октябри соли 2026 дар Кохи Хуросон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва омили таҳкими худшиносии миллӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши бузург дорад.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки мақому манзалати омӯзгор дар рушду нумӯи фарҳанги ниёгони мо ҳамеша гиромӣ дониста шуда, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Сипас, ба собиқадорон ва омӯзгорони ҷавон бо Ифтихорномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи фарҳангӣ, ки мавзуъҳои ватандӯстонаро дар бар мегирифт, аз тарафи санъаткорон пешниҳод карда шуд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: