ХУРОСОН: ВОХӮРӢ БО РОҲБАРОНИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ ПАХТАКОР

Хабарҳо

ХУРОСОН: ВОХӮРӢ БО РОҲБАРОНИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ ПАХТАКОР
Имрӯз, 31-уми октябри соли 2026, дар ноҳияи Хуросон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсади асосии баргузории вохӯрии имрӯза баррасии вазъи фаъолияти хоҷагиҳои пахтакор, муайян намудани мушкилоти ҷойдошта ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ба хисоб мерафт.
Қайд гардид, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини фаъолияти корхонаҳои саноатӣ нақши муҳим дорад.

Аксҳо: