ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
Имрӯз, 5-уми ноябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар “Кохи Хуросон” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон – Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ ба бархе аз кормандони ШВКД дар ноҳия барои саҳми босазо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Барномаи фарҳангӣ анчомбахши чорабинӣ гардид.


