ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 5-уми ноябри соли 2026, бахшида ба 32 солагии рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Кохи Хуросон” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки 32 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст исбот гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд “Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид”.
Дар идомаи чорабинӣ ба роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва баъзе аз роҳбарони идораву муассисаҳое, ки саҳми арзанда дар амали намудани қонунҳои амалкунанда нишон доданд бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи фарҳангии бахши фарҳангӣ ноҳия анчомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо: