ХУРОСОН: СОЛИМИИ МОДАРУ КӮДАК – СОЛИМИИ ҶОМЕА

Хабарҳо

ХУРОСОН: СОЛИМИИ МОДАРУ КӮДАК – СОЛИМИИ ҶОМЕА
Имрӯз, 12 ноябри соли 2026 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон вохӯрӣ бо соҳаи тандӯрустии минтақаи Бохтар баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон – Абдусаломзода Анзурат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои соҳаи тандурустӣ аз ҷумла пешгирии фавти модару кӯдак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон муовини раиси вилоят вобаста ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ аз масъулин пурсиш карда ҷиҳати пешгирии фавти модару кӯдак дастур доданд.
Инчунин қайд намуданд, ки саломатии инсон аз табибон вобастагии калон дорад.
Бинобар ин хар як табибро зарур аст, ки ба касби интихобкардаи худ содиқ бошад.
Аксҳо: