ХУРОСОН: НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 13 ноябри соли 2026, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсияи илми таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва “Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ташаккули давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар кори Конференсия Турсунзода Дӯстмурод Турсун – муовини раиси ноҳияи Хуросон, Амиршоҳи Хатлонӣ – устоди ДДШБ – и ба номи Носири Хусрав, Сиддиқзода Ғолиб – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар раванди кори конфронс қайд гардид, ки таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, барои мардуми тоҷик рамзи эҳёи кишвар ва хидмати фидокорона ба манфиатҳои Ватан аст.
Қайд гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба Сарвари давлат ва таҷассуми эҳтиром ба заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад.
Дар конфронсияи мазкур аз талошу ҷонбозиҳои Президенти кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ёдоварӣ карда шуд.
Аксҳо аз рафти Конференсия:

