ХУРОСОН: ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!
Имрӯз, 23-юми ноябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон роҳпаймоии оммавӣ ва чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд намуданд, ки Парчами давлатӣ рамзи сарҷамъиву иттиҳод, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, нишони соҳибдавлативу соҳибистиқлолиятӣ, омили муттаҳидсозии мардум, заминаи ифтихор аз ватану ватандорӣ маҳсуб меёбад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодаанд.
Ин тадбири муҳим ҳамчун яке аз омилҳои тарбияи насли бомаърифат ва сарҷамъии мардум амалӣ мегардад.
Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо:

