ХУРОСОН: ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ
Рӯзи 21 ноябри соли 2026 дар доираи тадбирҳои ободониву созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.
Дар маъракаи мазкур раиси вилояти Хатлон – Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сулаймон Зиёзода, раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор кардани чунин маъракаҳо ин вусъат бахшидани корҳои кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани муҳити солими зист буда, ҳадафи он афзун намудани майдони сабз ва зебову назаррабо гардонидани ҳудуди ноҳия мебошад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар қитъаи километри 42-юми роҳи автомобилгарди Бохтар–Душанбе, деҳаи Чашмасори ноҳия ташкил гардид, ки дар маҷмӯъ 1140 бех ниҳол шинонида шуд. Аз ин шумора 700 бех дарахти арча, 400 бех бодом ва 40 бех писта мебошанд.
Интихоби дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда барои кабудизоркунии канори роҳ аҳамияти муҳим дошта, дар оянда ба беҳтар гардидани ҳолати экологӣ, ғанӣ шудани фазои сабз ва зебоии муҳити атроф мусоидат хоҳад кард.
Аксҳо: