ХУРОСОН: УНСУРҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Хабарҳо

ХУРОСОН: УНСУРҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ
Имрӯз, 29-уми апрели соли 2026 тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Кохи Хуросон бо ҷалби намояндагони соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия вохӯрӣ оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Вохӯрӣ бо иштирок ва суханронии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон – Муминзода Муҳаммад ва муовини раиси ноҳияи Хуросон Шарифзода Идигул баргузор гардид.
Қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия – мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, амалишавии он аз иродаи ҳар як шаҳрванд ва роҳбарияти идораву муассисаҳо оғоз мегардад.
Дар вохӯрии мазкур оид ба таҳлилҳои, ки дар заминаи санҷишу таҳлилҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 доир гардида буд, баррасӣ карда шуд.

Аксҳо: