ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Рӯзи 26.06.2026 сол, дар Кохи Хуросони ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки имрӯз аз файзу баракати ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезананд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро бозид.
Ҳамзамон, бархе аз намояндагони қишри гуногуни ҷомеа бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, барномаи фарҳангӣ анчомбахши чорабинӣ гардид.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:

