ХУРОСОН: БУНЁДИ ИНШООТҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАШЪУНАМОИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Хабарҳо

ХУРОСОН: БУНЁДИ ИНШООТҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАШЪУНАМОИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ
Дар ноҳияи Хуросон дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо суръат идома доранд.
Имрӯз 29 июли соли 2026 бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир Мурод дар Ҷамоати С.Айнӣ маркази савдои муосир, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамзамон, роҳбарияти ноҳия аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагии назди мактабҳои №№ 20, 4, 15, ки барои зиёда аз 648 хонанда пешбинӣ шудаст, боздид намуданд.
Инчунин дар доираи сафари корӣ аз нашъунамои зироатҳои кишоварзи аз чумла пахта ва кишти такрорӣ дидан намуда, баҳри таъмин намудани ҳосили зарурӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Аксҳо: