ХУРОСОН: ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
Рӯзи 18 – уми сентябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар Шӯрои мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон, Маҳмадшозода Манучеҳр Мирзошо – прокурори ноҳияи Хуросон, Валиев Беҳрӯз Давлаталиевич – сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Хуросон, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ – сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон, Амирзода Амиршоҳ Пӯлод – Комиссари ҳарбии ноҳияи Хуросон, Қурбонов Ҷумъа Каримович – иҷрокунандаи вазифаи иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рӯзномаи Шӯро масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Риоя ва иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ”, “Дар бораи муқовимат бо терроризм” ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
2. Омодагӣ ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақсади дар нақшаи зикршуда пешбинӣ намудани ин масъала дар он мебошад, ки имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва русуми босурати равандҳои сиёсӣ, инсоният бо як қатор хатарҳои глобалӣ рӯбарӯ шудааст, ки аз ҳама хатарноктарин ва харобиовартарини онҳо терроризм ва экстремизм мебошад. Ин падидаи номатлуб на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳида, балки ба суботи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бор овардааст.
Инчунин дар ҷаласаи мазкур оиди ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтиром аз муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ сухан карда шуд.
Аксҳо: