ХУРОСОН: ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
Рӯзи 13 – уми ноябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар Шӯрои мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон, Маҳмадшозода Манучеҳр Мирзошо – прокурори ноҳияи Хуросон, Валиев Беҳрӯз Давлаталиевич – сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Хуросон, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ – сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рӯзномаи Шӯро ду масъала баррасӣ гардид:
1. Вазъи ошкор, бақайдгирӣ, тафтиш ва натиҷаи баррасии судии ҷиноятҳои дуздӣ ва ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ дар соли 2025 ва 9 моҳи соли 2026 содир гардида, пешгирӣ намудани сабабу омилҳои содиршавии ин қабил ҷиноятҳо баррасӣ карда шуд.
2. Пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ байни ноболиғон;
Дар раванди кори Шӯро оид ба пешгирии амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон, содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, бемасъулиятии баъзе аз волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон ва дигар масъалаҳои муҳиму ҳалталаби самти кор бо ноболиғону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар ин сами ҷойдошта аз тарафи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул гардида, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба масъулин дастурҳои қатъи дода шуданд.
Аксҳо: