ИБТИКОР ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ЧУНИН БОЯД (дар ҳошияи матлаби Додоҷони Атовуллоҳ)

Расонаҳои наҳзатӣ беш аз пеш аз интишор гардидани матлаби рӯзноманигори варзида ва мухолифи сарсахти Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоҳ хашмгин шуда, нуқтаи назари рӯзноманигорро як навъ хушомаду тамаллуқи навбатӣ унвон кардаанд. Бехабар аз он ки рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик, агарчи мухолифи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, дар лаҳазоти ҳассос масъулияти баҳамойии миллӣ ва тафоҳуми мардумиро дарк карда, чандин маротиба аз тариқи саҳифаи худ матолиби ҷолиби таваҷҷуҳ интишор намуд, ки муҳтавои миллӣ ва мардумӣ доранд. Муфассал…

МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров

Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирӯз Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст.

Дирӯз  Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшӯиву хонасозӣ чеҳраи ӯ ба чашм мерасад. Мо ӯро дар бинои хуштарҳе сари дастурхони пурнозу неъмат пайдо кардем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гӯшти гӯсфанду гову заргӯш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ӯ буданд. Фосила аз ин дастурхони пурнозу неъмат ва он дастархони дирӯз холӣ аз нон низ як қадам аст. Ва ҳамин як қадам аст, ки он соҳили рӯдхонаи Панҷи ғарқи гирдоби оташи ҷангу куштор ва ин соҳили пурмавҷ аз хандаи тифлонро аз ҳам ҷудо месозад. Аз ӯ мепурсам: Муфассал…

ЧУН ҶАМЪ ШУД ГУНОҲ, ХУДОГИР МЕШАВАД

Давоми рӯзҳои охир аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштани Саидиброҳими Назар дар сархати сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дошта, ҳар тоифа онро аз зовияи хеш бозгӯйӣ намуда истодаанд.

Оид ба ин масъала Додоҷони Атовулло тавассути Фейсбук аз худ «дарак» дод. Додоҷони Атовуллоҳ дар Фейсбук хабари бозгашти Саидиброҳими Назарро “шикасти Кабирӣ” унвон карда, навиштааст, ин узви собиқадори ҲНИТ “аз сиёсатҳои “каҷ дору марез” – и раисашон норозӣ буд…

Муфассал…

ИНТЕРПОЛ: “АЪЗОИ ФАЪОЛИ ТТЭ ҲНИТ ДАР КОФТУКОВАНД”

Интерпол (Interpol) Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ соли 1956 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст. Айни замон 194 кишвари дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ин ташкилот мебошад. Вазифаи асосии ташкилот ҳамоҳангсозии муборизаи муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо дар мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Дар сохтори ҳар давлати аъзои Интерпол Бюрои миллии марказии Интерпол  таъсис дода шуда, фаъолияти сохторро бо Котиботи генералии ин ташкилот ҳамоҳанг месозад.

Муфассал…

СОБИРШО ҲАСАНОВ: «КАБИРӢ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО ФИРЕФТА КАРДА, БАРОИ ҶАНГИДАН БА СУРИЯ МЕФИРИСТАД»

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз моҳи июли соли ҷорӣ сокини шаҳри Душанбе Ҷомӣ Амиршоев ба АМИТ «Ховар» оид ба рафторҳои ғайриқонунӣ, қаллобӣ, таҳдид ва муносибати ноҷавонмардонаи аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ ва cозмони ҷиноятии «Гурӯҳи-24» нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ нақл карда, чеҳраи аслии ин «ватандӯстон»-и қалбакиро фош карда буд (http://khovar.tj/2017/07/om-amirshoev-dar-hori-a-baroi-az-darhosti-pano-andag-dast-kashidanam-na-zati-o-ta-did-ba-onam-kardand/). Дирӯз ба АМИТ «Ховар» Собиршо Ҳасанов, сокини ноҳияи Дарвоз муроҷиат карда, дархост намуд, ки бо ӯ суҳбат анҷом диҳем. Инак, мусоҳиба бо Собиршо Ҳасанов пешкаши хонандагони сомона мегардад. Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад.

Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Муфассал…

ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”

Пайвандон ва дӯстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳалқае аз занҷираи кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст. Муфассал…

ШОҲИДИ ЗИНДАИ БЕДОДИИ ҲНИТ

Сӯҳбати ихтисосӣ бо Сияҳаков С.Ш. – яке аз раҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба он. Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА 25 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо дар остонаи ду ҷашни бузург: 25 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорем.

Бинобар ин ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти Шумо мардуми сарбаланди ноҳияро ба ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният намуда, ба Шумо сарбаландӣ ва дар корҳоятон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Муфассал…

ҲНИТ ВА ДОИШ: ИСБОТИ АМАЛИИ ЯК БУДАНИ ТАЪЛИМОТ, ФАЪОЛИЯТ ВА МАҚСАДИ ИН ДУ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

Тавре ВАО хабар доданд, масъулияти амали террористиро, ки чанде пеш дар Ню-Йорки ИМА содир карда шуд, ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст!) ба зимма гирифт. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки хатари ин созмони террористӣ ба амнияти ҷаҳон беш аз ҳама таҳдид мекунад. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон низ, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.Ва махсусан вақте ки таълимот, фаъолият ва аҳдофи Ҳизби дар кишвари мо мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ва ДОИШ ба ҳам монанданд. Дар ин

Муфассал…