С. Р. МИРЗОЗОДА: «ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН, БИДУНИ ШАК, ДАР КӮШИШИ ТАБАДДУЛОТ ДАСТ ДОШТ»

(Суҳбати ихтисосии хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷумҳурият» бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С. Р. Мирзозода)

   Дар ҷаҳони муосир падидаи нангини экстремизм ва терроризм ба рушди инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Кӯшишҳои сиёсисозии дин дар бозиҳои геополитикӣ барои абарқудратҳо ҳамчун меъёр қарор гирифта, дар заминаи он гурӯҳҳои манфиатхоҳ низоъ ва даргириҳоро дар манотиқи мухталифи сайёра роҳандозӣ мекунанд. Вобаста ба ин ва дигар масоили дахлдор суҳбате оростем бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С.Р. Мирзозода. Сараввал барои розигиатон ба мусоҳиба изҳори сипос менамоем ва суҳбатро бо ин савол шурӯъ мекунем:

Муфассал…

ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР БОҒИ ИСТИРОҲАТӢ ВА ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёнтабор аст, ки монанди Наврӯз дар дарозои таърих гиромӣ дошта мешуд. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне тирамоҳ ба анҷом мерасидаанд.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ РӮЗИ МЕҲРГОН

Ҳамдиёрони азиз !

Меҳргон дар баробари Наврӯз аз зеботарин ва шоистатарин ҷашнҳои аҷдоди тоҷикон ба шумор меравад, ки дар гузашта миёни мардумони ориёӣ нисбат ба дигар иду маросим мавқеъ ва манзалати воло дошт. Аз омадани он аз шоҳу вазир сар карда, то деҳқону косиб – ҳама хурсандӣ мекарданд.

Муфассал…

ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲАИ СОЛИ 2017 БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи имрӯза, ки таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло доир гардид, муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА БАХШИДА БА “РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Дӯстони гиромӣ !

Ҳозирини арҷманд !

Рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки даврони истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад ва барои мардуми Тоҷикистон азизу муътабар мебошад. Зеро дар ин рӯз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон менамоем ва роҳи пурпечу фарози тайнамудаи забону фарҳангамонро пеши назар меорем, то ки аз бурду бохти таърихи хеш сабақ омӯзем.

Муфассал…

СУХАНРОНИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ   РАҲМАТУЛЛО САФАРЗОДА ДАР ЧОРАБИНИИ  ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҷавонони азиз ва падару модарони меҳрубон!

Боиси ифтихору сарфарозист, ки як зумра ҷавонони матину боирода ва бо нангу номуси ноҳия баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 сентябри соли 2017, № 934  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» азми хизмат ба ватани азизамонро карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳия омадаанд, бо арзи эҳтиром онҳоро барои ин ташаббусашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сарбаландӣ ва хизмати шоиста хоҳонам.

Муфассал…

ХИЗМАТИ ВАТАН ҚАРЗИ ВАТАНДОРИСТ

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои моҳи октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Рӯзи якуми даъват, ки бо унвони «Рӯзи даъватшаванда» мегузарад дар ноҳияи мо низ бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстӣ доир гардид. Муфассал…

ШОМИ ҶАВОНОН

Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳия бо иштроки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба худшиносиву худогоҳии миллӣ чорабинии фарҳангии “Шоми ҷавонон” бахшида ба “Соли ҷавонон” дар мавзӯъҳои “Танзим баракати зиндагӣ”, “Либоси миллӣ – оинаи ниёгон аст” ва “Мо ҷавонон ҷонибдори қонунҳои миллӣ” гузаронида шуд. Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА ҶАШНИ «26 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН»

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бисту шаш сол муқаддам миллати кӯҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас – истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинасраи ниёгонамон пайвастани давлатдории навини худро бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

Муфассал…

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА ИДИ САИДИ КУРБОН

Ҳамдиёрони  азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз барои мусулмонони кишварамон Иди саиди Қурбон фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро самимона табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон имсол ба даврае рост омад, ки дар саросари кишвари азизамон ҷашни бузургу муқаддаси 26 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу суботи

Муфассал…